9 Сентябр 2020 - 11:28
Паёми раҳбари муаззами инқилоб дар маҳкумияти иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба соҳати нуронии паёмбари аъзам

Гуноҳи бузург ва нобахшудании як нашрияии фаронсавӣ дар иҳонат ба чеҳраи нуронӣ ва қудси ҳазрати расули аъзам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бори дигар инод ва кинаи шароратбори дастгоҳҳои сиёсӣ ва фарҳангии дунёи Ғарб бо ислом ва ҷомеаи мусулмононро ошкор сохт.

ABNA24 : Нашрияи фаронсавии Чарлӣ Ҳебдо сешанбеи гузашта дар як густохии ҷадид карикатураҳои ҷанҷолии иҳонатбор дар бораи паёмбари гиромии ислом (с)-ро бознашр кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб, дар паёме, бо ишора ба нукоти муҳимме дар ин бора; иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба соҳати нуронии паёмбари аъзам (с)-ро маҳкум карданд.

Ишон баҳонаи озодии баён барои маҳкум накардани ин ҷурми бузург, ки аз сӯи бархе сиёсатмадорони фаронсавӣ гуфта шударо комилан мардуд ва ғалат ва авомфиребона донистанд ва хотирнишон карданд; сиёсатҳои амиқан зидди исломии саҳюнистҳо ва давлатҳои истикборӣ омили ин гуна ҳаракатҳои душманона аст, ки ҳар чанд якбор буруз меёбад.

Ҷараёнҳои инҳирофӣ ва тахрибии расонаии Ғарб дар канори рафторҳои иҳонатбори иддае аз аносури гумроҳ ва палид, ки ҳараз гоҳе бо рафторҳои сахифи худ бо иҳонат ба Қуръон ва арзишҳои динӣ саъй дар ибрози вуҷуд доранд; ба дунболи аҳдофи чандгонае аст, ки на иртиботе бо таассубот динӣ ва мазҳабӣ дорад ва на он ки аз манзари озодии баён ва ақида қобили дифоъ аст.

Моҳияти ин ҷараёни нахнамошуда пеш аз он назди миллатҳои огоҳ ба дин ва арзишҳои динӣ ошкор шуда ва афкори умумӣ дар ҷаҳон низ бар ин нукта воқиф аст, ки ҷанҷолсозиҳои аз ин даст, маҳсули утоқи фикри ҷараёнҳои саҳюнистӣ ва истикборӣ аст. Ин маҳофил дар паи инҳирофи афкори умумӣ аз вазъияти асафбори тамаддуни Ғарб дар муқобила бо ноҳанҷориҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва расвоиҳои сардамдорони истикбор дар муқобила бо эътирозоти фарогир дар ин кишварҳо аст. Албатта набояд аз назар дур дошт, ки тавҳин ба муқаддасоти мусулмонон ҳамвора барномае аз пештаъйиншуда ва ҳадафманд будааст. Нигоҳи кӯтоҳе ба гузашта аз карикатуристи данияӣ, то он кишише, ки ба Қуръони карим тавҳин кард, нишондиҳандаи ҷараёне аз пеш тарроҳишудааст. Дар варои ин ҳаракати инҳирофӣ ҷараёни сиёсии муҳимме ба унвони як ҳадафи роҳбурдӣ вуҷуд дорад, ки набояд аз он ғофил шуд. Дар ин нукта тардид набояд кард, ки ҳадафи пинҳони ин ҳурматшиканиҳо, мунҳариф кардани изҳони мусулмонон аз масъалаи Фаластин аст, ки авлавияти аввали ҷаҳони ислом маҳсуб мешавад. Ба вижа он ки масъалаи Фаластин акнун дастхуши тарҳҳои шайтонии муомилаи қарн ва оддисозии хиёнатбори равобит бо душмани хабиси инсоният; режими ҷаълии саҳюнистӣ аст.

Бо таъкид бар ҳамин нуктааст, ки раҳбари муаззами инқилоб дар паёмашон дар маҳкумияти ин иҳонат тасреҳ карданд: Ин ҳаракат дар ин бурҳаи замонӣ метавонад, низ ба ангезаи мунсариф кардани зеҳни миллатҳо ва давлатҳои Ғарби Осиё аз нақшаҳои шуме бошад, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ барои ин минтақа дар сар доранд. Миллатҳои мусулмон ба вижа кишварҳои Ғарби Осиё, зимни ҳифзи ҳушёрӣ дар масоили ин минтақаи ҳассос, бояд ҳаргиз душманиҳои сиёсатмадорон ва сардамдорони ғарбӣ нисбат ба ислом ва мусллиминро фаромӯш накунанд.

Баҳонаи сиёнат аз озодии баён барои адами муқобила бо ин иҳонатҳои вақеҳона, аммо ,ҷанбаи дигари қобили тааммул дар ин қазия аст, ки ба танзи талхи сиёсии даврони муосир табдил шудааст. дар ҳоле, ки ин иҳонатҳо бо ҳеҷ калом ва истидлол қобили дифоъ нестанд раиси ҷумҳури Фаронса, ки кишвараш беш аз яксол аст даргири шанбеҳои эътироз аст; ҷасорат ба соҳати паёмбари аъзам ва Қуръони каримро озодии баён ба шумор меоварад; аммо дар ҳамон ҷомеаи аврупоии ба истилоҳ мӯътақид ба озодии баён ва ақида; интиқоду нақд ва нафй афсонаи ҷаълии Ҳулукост, муҷозоти зиндон ва маҳрумиятро дар пай дорад. Бидуни тардид ин қабил амалҳо, сарнавиште ҷуз расвоиҳои бештар ва ошкор шудани дугонаҳои рафтории муддаъиёни ҳуқуқи башар ва озодии баён нахоҳад дошт.

342/